06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲИИ ДУШАНБЕ – ФАЙЗОБОД - РОҒУН ИФТИТОҲ ЁФТ

 

Hatsayri navi_rogun_fayzobod_iftitoh_yoft1

Бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири Душанбе-Файзобод–Роғун хатсайри нави сайёҳӣ боз гардид,  ки он қадами устувор  дар рушди соҳаи сайёҳии кӯҳию варзишӣ, экологӣ, таърихию маърифатӣ, этнографӣ ва истироҳатӣ дар мамлакат ва муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон, хусусан манзараҳои нотакрору афсунгари Роғуну Файзобод мебошад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода қабл аз сафар ба ин диёр изҳори назар намуд,  ки хатсайри нави сайёҳии Файзободу Роғун, ки дорои табиати нотакрор, кӯҳҳои осмонбӯс, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва имконияти бои сайёҳӣ мебошад, на танҳо дар  рушди туризми дохилӣ, балки муаррифии зарфияти сайёҳии ин минтақаи кӯҳистони кишвар нақши муассир мегузорад.

Hatsayri navi_rogun_fayzobod_iftitoh_yoft2

Тавассути хатсайри  нави сайёҳӣ имконияти қабулу хизматрасонии сайёҳӣ дар ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун муаррифӣ гардида, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, инчунин воситаҳои ахбори омма ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғунро тамошо намуданд.

Боздид аз Қалъаи Сангин ва  мақбараи Хоҷа Ҳотами Асами ноҳияи Файзобод

 Дар даромадгоҳи ноҳияи зебоманзари Файзобод  сайёҳони хатсайри Душанбе-Файзобод–Роғунро раиси  ноҳияи Файзобод Бобишо   Холзода истиқбол  намуда, хайрамақдам гуфт ва доир ба имконияти  сайёҳии ноҳияи Файзобод   маълумот дод. Марқади донишманди олами ислом  Абдураҳмон Ҳотам ибни Юсуфи Балхӣ, мулаққаб ба Асам (асри 9) дар назди деҳаи Сари чашмаи ноҳия   ва ёдгории Қалъаи Сангин ҷойгир мебошад. Мақбараи ин донишманди исломӣ аз ду гӯрхона иборат буда, бо хишти пухта дар асри 16 бунёд карда шудааст. Солҳои 90-уми асри 20 ин мақбара пурра таъмир гардид. Абдураҳмон Ҳотам ибни Юсуфи Балхӣ, мулаққаб ба Асам  соли 755 дар Балх чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Номи падари ӯро донишмандон дар асарҳои худ Ҳотам ибни Унвон, Ҳотам ибни Юсуф  ва ғайра зикр кардаанд. Шайх Аттор дар «Тазкират-ул-авлиё», ки «Зикри Ҳотами Асам Раҳматуллоҳи алайҳ» номгузорӣ шудааст, чунин нигоштааст: «Он зоҳиди замона, он обиди ягона, он маъризи дунё, он муқбили уқбо. Он ҳокими карам  Шайх Ҳотами Асам аз бузургони машоихи Балх буд ва дар Хуросон ба сар омада буд. Муриди Шақиқи Балхӣ буд. Метавон гуфт, ӯ баъд аз булуғ як нафас бе муроқабат ва бе муҳаббат ва бе муҳосибат аз вай бар наомада буд ва як қадам бе сидқ ва ихлос барнагирифта буд».

Hatsayri navi_rogun_fayzobod_iftitoh_yoft3

«Асам» калимаи арабӣ буда, маънояш кар, ношунаво аст, ки бо ин ном мулаққаб гаштааст. Сабаби лақаби карро гирифтанаш одоби баланд, хилватнишинӣ, парҳезкорию ҳақҷӯӣ буда, шайх аз гуфтори ботил,  амали зишт ва кирдори бад доман баркашида, худашро кар нишон медодааст.  Дар ин бора дар «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ  хеле равшан оварда шудааст.

Гурӯҳе бар онанд зи аҳли сухан,

Ки Ҳотам Асам буд бовар макун.

Баромад танини магас бомдод,

Ки дар чанбари анкабуте фитод.

Қалъаи сангин дар масофаи 1,5 км дуртар аз самти шарқии маркази ноҳияи Файзобод,  дар наздикии деҳаи Сари чашма воқеъ аст. Қисми шарқии димнаро қабристони деҳаи Сари чашма ишғол кардааст. Масоҳати умумии димна 80 га мебошад. Димна харобаҳои шаҳри асримиёнагии Вашгирд мебошад. Номи дигари ин димна  Тали возҷир, яъне Санги сурх мебошад. Он ба қарнҳои 4-13 мансуб аст.

Hatsayri navi_rogun_fayzobod_iftitoh_yoft4

Оби маъдании  «Файзобод»  аз умқи 1350 метр берун меояд

 Бо роҳнамоии раиси ноҳияи Файзобод вобаста ба саноатикунонии ноҳия меҳмонон аз корхонаи нави  истеҳсоли оби менералии Файзобод дидан намуданд. Корхонаи мазкур аз тарафи сохибкорони маҳалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шудааст. Тибқи иттилои масъулини корхона, айни замон дар он қариб 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мебошанд. Роҳбарияти корхонаи мазкур барои содироти ин оби маъданӣ бо соҳибкорони ҷумҳурии Узбекистон гуфтушунид доранд, то дар оянда содироти онро ба роҳ монанд.  Оби маъдании  «Файзобод»  аз умқи 1350 метр берун меояд ва ҳарорати он 25-28 дараҷаро ташкил медиҳад, таркиби он аз элементҳои гидрокарбонат, намаки сулфат, карбон, калий, калсий ва натрий иборат мебошад. Дар асоси тавсеаи табибон оби маъдании «Файзобод» хусусияти шифобахшӣ дошта, ба бемориҳои давомноки меъда, рӯдаи  дувоздаҳангушта, ҷигар, талха ва мубодилаи моддаҳо таъсири хуб мебахшад.

Боздид аз Осорхонаи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Файзобод

 Сайёҳони хатсайри сайёҳии Душанбе-Файзобод-Роғун дар Осорхонаи таърихӣ- фарҳангии ноҳияи Файзобод бозёфту нигораҳои  давраҳои гуногуни таърихии ҳудуди ноҳияро, ки  гирд оварда шудаанд, тамошо намуданд. Бозёфту нигораҳо бозгӯи онанд, ки  мардуми ноҳияи Файзобод аз қадимулайём соҳибфарҳангу соҳибҳунар, хусусан кулолгару, оҳангар ва чевару ҳунарманди чирадаст  будаанд.

Дар Осорхона гӯшаи  «Дастони моҳир» мавҷуд аст, ки  бо сӯзаниҳои рангоранг,  кӯрпачаю болиштҳои қуроқ ва гулдӯзиҳо оро дода шудааст. Хусусан  дастархонҳо ва гаҳворапӯшҳо, ки дар  омода намудани онҳо қуроқи «турнақатор» истифода гардидааст, инчунин ҷомаю миёнбанд, ҷелаку чагман ва гилемҳои рағзабофишуда хеле диққатҷалкунанда буда, аз ҳунари волои бонувони чирадаст башорат медиҳанд.

                                                            Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

:.  Хабарҳо 21.12.2021 06:57 598

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz