06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«ҚАДАМИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН БАҲРИ МУАРРИФИИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ» ДАР ДУШАНБЕ ТАҲТИ ИН УНВОН ҲАМОИШ ДОИР ШУД

 

Qadami ustuvori_Toijikiston_317 декабр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯйдоди муҳими фарҳангӣ – ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардидани «Фалак» ҳамоиш баргузор гардид.

Дилшод Раҳимӣ – директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ оид ба корҳои тадқиқотӣ дар жанри фалак маълумот дода, иброз дошт, ки солҳои 2015 ва 2017 аз ҷониби кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов номинатсияи «Фалак» таҳия ва пешниҳод гашта буд, ки баъдан барои такмил баргардонда шуда буд. Соли 2020 такмили он ба Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот супорид шуд ва дар назди вазорат гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Қайд гардид, ки чанд номинатсияҳои дигар дар навбат аз ҷониби Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод шудааст ва дар ин самт корҳо бомаром идома доранд. Ҷонибек Асрориён, фарҳангшинос низ дар ин ҳамоиш суханронӣ намуда, чанд адад китоби тозаэҷоди хешро бо унвонии «Фалак» ба иштирокчиёни ҳамоиш тақдим намуд. 

Пешниҳод гардид, ки донишҷӯён ва муҳаққиқоне, ки донандагони хуби забони англисӣ мебошанд, барои муаррифии бештари фарҳанги волои тоҷикон бо пажӯҳишгоҳ ҳамкориҳои судмандро метавонанд ба роҳ монанд. 

Гуфта шуд, ки сомонаи Фалак (falak.tj) низ таъсис ёфтааст, ки барои мукаммал гардондани он таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби хонандагону мутахассисони соҳа бо камоли майл пазируфта хоҳанд шуд.

:.  Хабарҳо 17.12.2021 12:14 571

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz