06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БАХШИДА БА 27-СОЛАГИИ ҲХДТ ДАР ПОЙТАХТ ҲАМОИШИ ҲИЗБӢ ДОИР ШУД

 

Dar pjytaht_hamoishi_hizbi_doir_shud_1

13 декабр дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Фатҳиддин Усмонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Муродов, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, аъзои Кумитаи иҷроия, вакилон, раисони ташкилоти ибтидоӣ, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, аъзо ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

10 декабри соли равон ба таъсиси ҲХДТ 27 сол пур шуд ва он барои кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб санаи таърихӣ мебошад.

Dar pjytaht_hamoishi_hizbi_doir_shud_2

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён оид ба таърихи таъсиси ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ибрози андеша намуда, гуфт, ки “ҲХДТ ба сифати неруи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ - гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи чунин сиёсати созандаи ҳизб аст, ки намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи он дида, ҷонибдорӣ мекунанд”.

Дар идомаи ҳамоиш ба як гурӯҳ собиқадорон ва фаъолони ҲХДТ ҷиҳати саҳми босазо гузоштан дар амалигардонии сиёсати созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ сарфароз гардонида шуда, ҳамчунин ба чанд нафар омӯзгорони фаъоли Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки бори аввал узви ҲХДТ гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуданд. Чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ ҷамъбаст гардид.

:.  Хабарҳо 15.12.2021 05:34 563

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz