06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БОСТОНШИНОСИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАРИЖ

 

Tahlili ruzi_bosnonshinosi_1

11 декабри соли 2021 дар Осорхонаи миллии санъати осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж дар шарикӣ бо Иттиҳодияи фаронсавии дӯстони Шарқ Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон барпо гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар хабар медиҳад.

Tahlili ruzi_bosnonshinosi_2

Дар ҳамоиш намояндагони Осорхонаи «Гиме», доираҳои илмию маърифатӣ, хусусан бостоншиносону тадқиқотчиён ва ҷомеаи шаҳрвандии Фаронса, инчунин фаъолони ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Париж ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло бо арзи сипос аз танзими чорабинии болозикр оид ба сатҳи хуб ва дастовардҳои муҳими ҳамкории бостоншиносони тоҷику фаронсавӣ дар 40 соли охир, аз ҷумла дар мисоли возеҳи баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи «Гиме» (дар давраи аз 13 октябри 2021 то 10 январи 2022) изҳори қаноатмандӣ намуд. 

Tahlili ruzi_bosnonshinosi_3

Дар ҷараёни ҳамоиш маърӯзаҳои ҷолибу пурмуҳтавои олимон-бостоншиносон ва муаррихони фаронсавӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Анри Пол-Франкфор, Фредерик Брюне, Франсис Ришар, Валерӣ Залески, Ҳарри Фалк, Этиен Де Ла Вессиер ва дигарон роҷеъ ба таърихи ҳамкории бостоншиносӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса, хосатан натиҷаҳои кофтуковҳои бостоншиносӣ ва мавзеъҳои таърихии давлати тоҷикон аз давраҳои атиқа то асрҳои миёна, аз ҷумла шаҳраки қадимаи Саразм ироа гардиданд.

:.  Хабарҳо 14.12.2021 11:15 501

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz