06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАР СУҒД ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ «16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ» МУАЙЯН ГАРДИДАНД

 

ozmun-10-12

Дар чаҳочӯбаи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дафтари матбуоти раиси шаҳр озмуни беҳтарин мақола (рӯзнома, сомона), гузориш ва ё барномаи телевизионӣ, ролики иҷтимоӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ ва ё хушунат эълон намуда буд.

Дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён» аз ҷониби муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода ва сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршеда Хоҷазода ба ғолибони озмун диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар номинаи «Гузориш ва ё барномаи телевизионӣ» муҳаррири ШТР «СМ1» Муҳаббат Муродова мақоми аввал, Фарзона Ҳодибоева муҳарири ШТР «Азия» ҷойи дуюм ва Меҳрангези Абдуаҳад зинаи сеюмро ишғол намуданд. Дар бахши матбуот Фарзона Муродӣ, хабарнигори рўзномаи «Пайк», Мафтуна Исмоилова рўзноманигори мустақил ва Нодир Турсунзода мухбири рўзномаи "Ҳақиқати Суғд» мутаносибан мақомҳои ифтихориро касб намуданд. Дар номинаи «Ролики беҳтарин» ғолибият насиби Меҳрангез Охунова, хабарнигори радиои «Тироз», Муҳайё Шарипова, муҳаррири телевизиони вилояти Суғд ва Фараҳноз Набиева, донишҷўи шуъбаи рўзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид.

Ҳадафи озмун саривақт хабардор намудани ҷомеа аз раванди қонунгузории кишвар доир ба баробарҳуқуқии зану мард, баланд бардоштани мавқеъи зан дар ҷомеа, пешгирии ҳуқуқпоймолкунӣ нисбати занон ва мушкилоти дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаби гендерӣ буд.

Манбаъ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

:.  Хабарҳо 14.12.2021 09:12 593

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz