06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

 

Festivali Shukufahoi_poytaht_jambast_gardid1

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими пӯшидашавӣ ва галаконсерти иштирокдорони Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Шукуфаҳои пойтахт» шоми 9 декабр доир гардид.

Фестивали мазкур тӯли чанд рӯз тавонист, ки ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасонро аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо намояндагӣ аз халқу миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон, аз ҷумла арманҳову русҳо, туркманҳою ӯзбекҳо ва қирғизҳо бо шумули наврасони эҷодкор аз марказҳои эҷодиву таҳсилоти иловагӣ ва студияву ансамблҳои бачагонаи шаҳри Душанбе, ки дар маҷмуъ зиёда аз 350 нафарро ташкил медоданд, сарҷамъ намуда, ба ҷашнвораи ҳақиқии ҳунару истеъдоди насли фардосози кишвар мубаддал гардад. Дар ин муддат иштирокчиёни фестивал дар саҳнаҳои гуногуни муассисаҳои фарҳангии пойтахт дар бахшҳои рақсу овозхонӣ, навозандагӣ ва хониши бадеӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

Festivali Shukufahoi_poytaht_jambast_gardid2

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён бо Ҷоми лауреати фестивал ва дипломҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар».

:.  Хабарҳо 10.12.2021 09:44 628

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz