06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯИ ҲИФЗИ СОЛИМИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030 БАРРАСӢ ШУД

 

   8 декабр дар шаҳри Душанбе вобаста ба таҳлили ҳолатҳои критикӣ ва пешгирии фавти модар ва бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар доираи амалисозии Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷаласаи корӣ доир гардид.

   Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Зулфия Абдусаматзода иброз намуд, ки масъалаҳои ҳифзи солимии модар ва кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

   Тайи 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, алалхусус дар соҳаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон якчанд дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, дар ин самт як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ таҳия ва қабул гардида, бо дастур ва ташаббуси бевоситаи Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», Таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ, Беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Дӯстӣ, Хуросон, Ёвон, Фархор, Ҳамадонӣ, таваллудхонаҳои вилоятӣ ва шаҳрии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе сохтаю бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуданд, ки дастрасӣ ва сифати табобати модарону кӯдаконро беҳтар гардонид.

  Инчунин, дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон марказҳои перинаталӣ ва дар ноҳияи Восеъ Беморхонаи марказии ноҳиявӣ сохтаю  бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

   Дар идомаи ҷаласа, ки роҳбарони якчанд муассиса ва раёсатҳо, шарикони рушд, мутахассисон ва сармутахассисони соҳавии муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе,  раёсатҳои тандурустии вилоятҳо иштирок доштанд, вобаста ба самтҳои гуногуни масъала суҳбат намуданд.

                                                                   Манбаъ: АМИТ «Ховар»

:.  Хабарҳо 09.12.2021 08:24 615

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz