06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАР ДУШАНБЕ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД

 

Konfronsi molikiyati_zehni_dar_DushanbeИмрўз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Моликияти зеҳнӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ» ва маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмун-Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон - муҳаррики инноватсия» баргузор карда шуд.

     Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Восидиён зикр намуд, ки рушди соҳаи илм таҳти таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин раванд ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020 - 2040 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

   Зикр карда шуд, ки бо мақсади амалисозии иқдоми мазкур ва васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт имсол якумин бор Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ташкил ва баргузор гардида, ғолибон ва омӯзгорони онҳо бо ҷоизаҳо ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

       Дар доираи ҳамоиш мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пайвасти илм ба истеҳсолот чорабинии «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот» баргузор шуд, ки ихтироъкорон ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ натиҷаҳои зеҳнии худ, яъне ихтироъҳояшонро бо назардошти самараи иқтисодӣ пешкаш намуданд.

                                                                   Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

:.  Хабарҳо 29.11.2021 10:20 621

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz