06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АСТЕРОИДИ 4660 NEREUS БАРОИ ЗАМИН ЯГОН ХАТАР НАДОРАД

 

    AstrologГулчеҳра Қоҳирова:

   Тавре қаблан иттилоъ додем, 11 декабр астероиди 4660 Nereus ба Замин наздик мешавад ва аз сайёра дар масофаи тақрибан 3,9 миллион километр парвоз мекунад. Доир ба ин мавзӯъ директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Гулчеҳра Қоҳирова андешаҳояшро иброз намудааст.

   Ба иттилои мавсуф, астероиди (4660) Nereus 28 феврали соли 1982 дар расадхонаи Паломари иёлати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Америко кашф шудааст. Астероид ба гурӯҳи бузурги Апаллон дохил гардида, ба астероидҳои наздизаминӣ мансуб аст. Аз тарафи олимони соҳа астероид эҳтимолан хатарнок тасниф карда шуда, андозаи он ба 330 метр баробар аст ва тахминан ҳар ду сол дар атрофи Офтоб як бор гардиш мекунад.

   Астероид соли 2021 наздикшавӣ ба Заминро оғоз карда, 11 декабр, соати 01:13 ба вақти маҳаллӣ дар масофаи қариб 4 миллион километр ба сайёраи мо ҳарчӣ бештар наздик хоҳад шуд. Ин масофа аз масофаи байни сайёраи Замин ва Моҳ 7 баробар зиёд аст. Бино ба маълумоти Маркази тадқиқоти NASA, аз соли 1900 то 2011 астероид ба Замин 16 маротиба наздик шудааст ва наздикшавии навбатии он моҳи марти соли 2032 дар назар мебошад. Бо вуҷуди ин, моҳи декабри соли 2112 бозгашти наздиктарини ӯ ба Замин рух медиҳад. Гарчанде ки астероид эҳтимол хатарнок ва андозаи он хеле калон аст, аммо масофаи нисбатан калони наздикшавии он ба Замин моҳи декабри соли 2021 эҳтимоли бархӯрди астероидро бо Замин ночиз мекунад. Ба ибораи дигар, астероид барои Замин умуман хатари воқеӣ надорад.

Баҳри таҳлили дақиқи астероиди 4660 Nereus Институти астрофизикаи АМИТ тасмим гирифтааст, ки ҳангоми наздикшавӣ астероидро пурра мушоҳида намуда, хусусиятҳои физикию динамикии онро омӯзад.

                                                                 Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

:.  Хабарҳо 11.11.2021 11:37 643

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz