06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ОИД БА МУАРРИФӢ ВА ШАРҲИ «ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА АЛОМАТҲОИ КИТОБАТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ» ДОИР ГАРДИД

 

Qoidahoi imloi_zaboni_tojiki1Санаи 3-юми ноябр аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Академияи ВАО»-и Тоҷикистон семинари машваратӣ оид ба муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» баргузор шуд. Дар семинари мазкур забоншиносони шинохтаи тоҷик ва намояндагони ВАО-и кишвар ширкат варзиданд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот кишвар О. Муҳаммадҷонзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (аз 04.10.2011, №458) як идда камбудию норасоиҳо ҷой дошт, ки он мушкилиҳои зиёдеро пеш меовард ва мақсади асосии таҳияи Коидаҳои имлои нав бартараф кардани ҳамин камбудиву норасоиҳо буд. Бо мақсади мукаммал шудани ин санади миллӣ ба он «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ҳамроҳ карда шуд.

Qoidahoi imloi_zaboni_tojiki2Барои таҳияи он гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби забоншиносону мутахассисони соҳа (беш аз 25 нафар) таъсис ёфт, ки Қоидаҳои мазкурро дар кафедраҳои забони донишгоҳу донишкадаҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмии кишвар, бо назардошти пешниҳодоти онҳо ва мувофиқа бо мақомоти дахлдор ва хулосаҳои онҳо лоиҳаро такмил дод.

Баъди баррасии ниҳоӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 «Қоидаҳои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» тасдиқ гардид.

Намояндагони ВАО, омӯзгорон ва дигар шаҳрвандон метавонанд Қоидаҳои мазкурро аз сомонаҳои Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати адлияи кишвар ва рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар шакли PDF дастрас намоянд.    

:.  Хабарҳо 03.11.2021 09:53 609

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz