06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФАРЗАНДИ ТОҶИКИСТОНАМ» МУАЙЯН ШУДАНД!

 

BonaS3434237 0

Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо мақсади васеътар инъикос намудани рӯзгори бонувони тоҷик ва мавқеи онҳо дар ҷомеа ва бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни доираи васеи хонандагони хеш озмуни ҳадафмандеро бо унвонии «Фарзанди Тоҷикистонам» роҳандозӣ намуда буд, ки дар он муаллифони зиёде бо чакидаҳои хомаи худ фаъолона ширкат варзиданд.

H- _Bonu_1987056_0

Аз оғози соли 2021 чакидаҳои муаллифон, амсоли шеър, тарона ва мақолаҳои публитсис­тии беҳтарин дар ҳар шумораи маҷалла нашр гаштанд, ки дар маҷмуъ, беш аз 300 ададро ташкил медиҳанд. Баҳри таъмини шаффофият дар баҳои арзанда додан ба матлабҳо аз ҳисоби қаламкашони варзида ҳайати ҳакамон интихоб гардид. Баъди баррасии ҳадафмандона доварон ба эҷодиёти иштирокдорон баҳои воқеӣ доданд.

Bonu 10_2021_43434__DSC0317_0

Маросими ҷамъбасти озмун 14-уми октябри соли 2021 дар толори бузурги Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид. Шоир, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик Латофат Кенҷаева дар номинаи назм ва дар номинаи наср адиби шинохта Гулчеҳра Маҳмадиева сазовори ҷойи аввал гаштанд. Ғолибони ҷойи дуюми озмун дар номинаи наср – Диловари Мирзо бо матлаби «Дар дарун механдиду берун мегирист», Лутфуллои Азиз бо маводи «Зане дар салтанати ормонҳо» гардиданд. Дар номинаи назм – Бузургмеҳри Баҳодур («Соати модари ман хуршед аст»), Абдуқодири Раҳим («Ватандорӣ») ва Сафар Амирхон («Истиқлол») мавқеи дуюмро ба даст оварданд.

Bonu 10_2021___DSdewC0317_0

Ҷойи сеюм дар номинаи наср ба нависандаи шинохта Ато Ҳамдам («Фариштаниҳод»), Мухтор Абдулло («Зани доно давлати мард»), Одил Нозир («Модари театри Конибодом») ва Раҳматуллои Раҳмон («Буд ё набуд») насиб гардид. Дар номинаи назм – Субҳон Ҷалил бо «Модарнома» ва Дилафрӯз Олимова бо «Эй дарахтони ман» зинаи сеюмро ишғол карданд.

Bonu 10_2021___DS23232323_0

Бо баргузории барномаи ҷолиби консертӣ озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои молию пулӣ қадр шуданд. Сарпарасти кулли озмун Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, дар фароҳам овардани фазои созгори чорабинии ҷамъбасти озмун саҳми беандоза гузошт.

Ҳамчунин, ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ба ҳа­маи иштирокчиёни озмун сипосномаҳо тақдим гардиданд.

«Бонувони Тоҷикистон»

H- _Bonu_10_4568798___DSC0317_0

H- _Bonu_1222SC0317_0

:.  Хабарҳо 14.10.2021 11:02 709

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz