06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТОҶИКДУХТАР БАРАНДАИ ҶОИЗАИ «ДУХТАРОНИ ОСИЁ-2021» ШУД

 

safe imageЗебо Фурқатзода зодаи шаҳри Хуҷанд буда, донишҷӯи Коллеҷи муттаҳидаи ҷаҳонии Сингапур (United World College) аст. Соли равон ӯ барандаи ҷоизаи «Духтарони Осиё – 2021» гардид, - хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷоизаи «Духтарони Осиё» ҳамасола ба занон ва духтарони фаъоли Осиё, ки дар заминаи рушд ва тавсеаи занон саҳм мегузоранд, аз ҷониби Бунёди «Боғи умеди Сингапур» (Garden of Hope Foundation) тақдим мегардад.

Зебо Фурқатзода дар тӯли марҳилаҳои интихобӣ ҳунарҳои нав омӯхта, инчунин аз фаъолияти нависандагияш дар Осиёи Марказӣ хабар додааст. Ӯ ният дорад, ки достонҳои навиштаи духтаронро ҷамъоварӣ ва дар қолаби як китоб нашр намояд. Ӯ умедвор аст, ки ба василаи нашри ин китоб паёми духтарон ба ҷаҳониён расонида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Бунёди “Боғи умеди Сингапур” (Garden of Hope Foundation) созмони ғайридавлатӣ буда,  дар заминаи ҳимоят аз занон ва духтарон, ривоҷи баробарии ҷинсӣ, ислоҳоти омӯзишӣ ва тавонмандсозии занон ва духтарон фаъолият мекунад.

Зебо Фурқатзода хатмкардаи Литсейи физикӣ-математикии № 1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд буда,  дар озмуни  «Хонандаи соли 2019» дар шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи дуюм  гардида буд.

:.  Хабарҳо 07.10.2021 09:17 550

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz