06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ЧОРАБИНИИ БОШУКУҲИ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ШИРКАТ ВАРЗИДАНД

 

51555118265 41d5d650a5_o_2Санаи 5-уми октябри соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст сокинони ватандӯсту ватанпарвари шаҳри бостонии Кӯлобро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ - 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуданд ва таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат барои таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилояти Хатлон ва беҳтар сохтани шароити зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 62 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ироа намуданд, ки мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон корҳои бузурги созандагиро ба роҳ монда, дар се соли охир беш аз 7600 иншооту биноҳои таъиноти гуногунро сохта, ба истифода додаанд, ки дар онҳо 32 ҳазор нафар сокинони вилоят бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як роҳбар, шахси масъул, мутахассис ва ҳар як сокини вилоят вобаста мебошад.

:.  Хабарҳо 06.10.2021 05:39 506

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz