06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

“ПАРКИ НАССОҶИИ ШАҲРИ КӮЛОБ” БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Parki nassoji_Tojik2Дар маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо сифати маҳсулоти корхонаи нассоҷӣ ва имкониятҳои кории он шинос шуданд.

Корхонаи нав дар як сол то 34 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол намуда, ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад. Айни замон ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” ҳамчун маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ба Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба фурӯш бароварда мешавад.

Parki nassoji_Tojik1Бино ба иттилооти Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон корхонаи мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватанӣ Илҳом Мирзоев ва Акбар Асадулло бунёд гардидааст.

Дар корхонаи навтаъсис 430 сокини маҳаллӣ, ки асосан бонувон мебошанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардида, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз аз ҷониби муассисони корхонаи мазкур дар ду марҳила дар шаҳри Душанбе Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат текстайл” бо иқтидори истеҳсолии 34 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол бунёду ба истифода дода шуд ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаи навбатии нассоҷӣ дар шаҳри Кӯлоб ба афзоиши истеҳсолот мусоидат намуд.

:.  Хабарҳо 05.10.2021 06:26 519

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz