06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 46 ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ИФТИТОҲ ЁФТ

Maktabi 46.15 октябри соли ҷорӣ дар маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 оғози расмӣ бахшиданд.

Муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхонаву дигар ҳуҷраҳои  ёрирасон  мебошад ва  дар дохили  он ҳамчунин ошхона бо имкониятҳои муосир ва толори варзишӣ ҷой дода шудааст.

Таълимгоҳ дар ду баст барои 600 хонанда пешбинӣ гардида, бо дарназардошти талаботи муосир бунёд ёфтааст ва он аз синфхонаҳои барҳавову замонавӣ иборат мебошад. Аз ҷумла, барои таълиму тарбияи толибилмон лабораторияҳои фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика ва китобхона ташкил гардидааст. Ба хотири омӯзиши касбу ҳунар дар муассисаи мазкур синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил ёфта, бо тамоми аёниятҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Maktabi 46.2Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Далер” бунёд гардидааст.  

Иншоот дар масоҳати як гектар замин бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, дорои як майдончаи муосири замонавӣ мебошад.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

:.  Хабарҳо 05.10.2021 06:06 596

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz