06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАРКАЗИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ “ШУКРОНА” ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ИФТИТОҲ ЁФТ

Markazi savdoi_shukrona_2Имрӯз, санаи 5 октябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сафари корӣ дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб Маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби оилаи Исмоилзодаҳо бунёд гардида, дорои тарҳи замонавӣ дар 4 ошёна мебошад. Дар таҳхонаи бино ҳаммоми замонавӣ барои мардон ва занон дар алоҳидагӣ бо тамоми шароит бунёд гардидааст. Ба хотири сарфакории неруи барқ, дастандаркорон гармидиҳиро тариқи ангишт ба роҳ монда, ҷиҳати ҳифзи ҳавои атмосфера тадбирандешӣ кардаанд. Дар ошёнаи якум нуқтаи фурӯши маводи рӯзгор ва асбобҳои маишӣ ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаи дуюм дастгоҳҳои зарурии либосшӯӣ фурӯхта мешавад, ки сифати баланд дошта, эҳтиёҷоти сокинонро бароварда месозад. Дар ошёнаи сеюми бино коргоҳи дӯзандагӣ бо 30 дастгоҳи замонавии дӯзандагӣ ва поракунию дигар таҷҳизоти зарурӣ таъсис дода шудааст. Дар ошёнаи чоруми бино меҳмонхона бо шаш ҳуҷра бо тамоми шароити зарурӣ бунёд шудааст ва барои қабули 12 нафар дар як вақт омодаи кор мебошад.

Markazi savdoi_shukrona_1Қаблан дар шаҳр коргоҳи хушкашӯӣ мавҷуд набуд ва сокинон ҷиҳати ҳалли эҳтиёҷот ба шаҳри Душанбе сафар мекарданд. Коргоҳи мазкур яке аз мушкилиҳои асосии аҳолиро осон менамояд.

Баъди ба истифода додани иншоот зиёда аз 50 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, ки бештар аз 30 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      

 

:.  Хабарҳо 05.10.2021 04:28 613

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz