07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДЕҲОТИ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКИИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

 

   4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гулгаштро ифтитоҳ карданд.

   Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ ва гулгашт 40 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, дар шафати роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг воқеъ мебошад.

   Баландии пояи Парчами давлатӣ 40 метр, дарозии матои он 14 метр ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.

Маконе, ки майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Меҳнатобод бунёд карда шудааст, аз офати табиӣ зарар дида, қаблан бекорхобида буд. Бо амалӣ намудани корҳои тахту ҳамворкунӣ ва кашондани хок дар ин ҷо имконият барои сохтани чунин як мавзеи дилнишин фароҳам шуд.

   Амалӣ намудани тадбирҳо дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” имкон фароҳам овард, ки ин мавзеъ ба ҷойи асосии сайру сайёҳат ва фароғати ҷавонону наврасон табдил ёбад.  

   Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гулгашт дар доираи ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” сохта шудааст.

   Роҳравҳои ҳудуди гулгашт ба андозаи 11 245 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, равшаннамоии он ба пуррагӣ таъмин карда шудааст.

     Дар ҳудуд ва атрофи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.

   Дар асоси лоиҳа ва таҷрибаи муосири бунёди марказҳои фарҳангӣ-фароғати сурат гирифтани сохтмон барои дар шомгоҳон сайру гашт намудани сокинону меҳмонон дар ноҳияи Восеъ мусоид мебошад.

     Барои таъмини майдони Парчами давлатӣ ва гулгашт бо об аз зери замин об бароварда шуда, 3 насос насб ва обанбор сохта шудааст.

   Ҳамзамон, атрофи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асфалтпӯш карда шуда, дар шафати он барои воситаҳои нақлиёт таваққуфгоҳ сохта шудааст.  

   Иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободии Меҳан имкон фароҳам овард, ки ҳамагон аз имкони замонавӣ барои фароғат дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ баҳравар шаванд.

   Ин тадбири муҳим дар доираи ҳадафҳо ҷиҳати арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ барои баҳравар шудани ҳамагон аз имкони замонавӣ барои фароғат ва баланд шудани эҳсоси худшиносӣ мусоидат мекунад.

                                                                 Манбаъ: сомонаи «prezident.tj»

:.  Хабарҳо 04.10.2021 06:42 486

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz