07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ДӮЗАНДАГӢ ВА АДРАСБОФӢ ДАР ДЕҲОТИ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКИИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

 

     04 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ корхонаи дӯзандагӣ ва адрасбофиро ифтитоҳ карданд.

   Иншооти замонавӣ дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисодиёт ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпази содиротии ивазкунандаи воридот аз тарафи соҳибкор Дилшод Асроров сохта шудааст.

   Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони маҳаллиро барои ҳарчи бештар ба шуғли доимӣ фаро гирифтани коргарону мутахассисон ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

   Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар он маркази савдо, корхонаи дӯзандагию бофандагӣ, ошхона ва меҳмонхона ҷойгир мебошад.

   Барои истеҳсоли адрас таҷҳизоти муосир насб гардида, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Маҳсулот бо ба инобат гирифтани талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ истеҳсол шуда, дорои сифати баланд мебошад.

   Сокинони деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ метавонанд пурра аз хизматрасонии сатҳи баланди корхонаи дӯзандагӣ истифода намоянд.

Дар иншооти бунёдшуда 150 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.

   Бунёди иншооти замонавӣ дар доираи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибкории хурду миёна сурат гирифта, афзоши истеҳсоли маҳсулот ва рушди иқтисодиро таъмин мекунад.  

                                                       Манбаъ: сомонаи «prezident.tj»

:.  Хабарҳо 04.10.2021 06:39 495

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz