07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЧОЙХОНАИ “ЧИЛЧАНОР”

 

Choyhonai-chilchanor1Рӯзи 3 октябр дар маркази ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои замонавии Чойхонаи “Чилчанор”-ро ба истифода доданд.

Бино ба иттилоои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иншоот дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони солҳои 2019-2021, ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Исмоил Садиров бо риояи унсурҳои хоси санъати меъмории миллӣ бо тарҳи муосир сохта шудааст.

Чойхонаи “Чилчанор” аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад ва корҳои сохтмониро дар он 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ дар муҳлати кӯтоҳ босифати баланд ба анҷом расонидаанд.

Choyhonai-chilchanor2Дар бинои муосири хизматрасонӣ ба мизоҷон асосан хӯрокҳои миллӣ дар сатҳи баланд омода ва пешниҳод гардида, дар як вақт имкони хизматрасонӣ ба 280 нафар мавҷуд аст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани чойхонаи муосир дар ноҳияи Ховалинг 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ғайр аз бинои асосӣ дар атрофи он низ барои қабули мизоҷон, махсусан меҳмонону сайёҳони хориҷӣ беҳтарин шароит фароҳам карда шуда, 4 айвончаи кандакоришуда бо санъати хоси миллӣ гузошта шудааст.

Масоҳати умумии замини Чойхонаи “Чилчанор” 0,50 гектарро дар бар гирифта, худи бинои хизматрасонӣ дар майдони 1200 метри мураббаъ сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити хизматрасонӣ ба мизоҷон дар Чойхонаи “Чилчанор” дар ҳамин ҷо бо 30 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо, аз ҷумла сару либос ва шириниҳо тақдим намуданд.

:.  Хабарҳо 04.10.2021 06:18 626

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz