07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«КОХИ НАВРӮЗ» - ЯКЕ АЗ 8 МУЪҶИЗАИ СҲШ

 

Kohi NAvruzИмрӯз 17 сентябр дар Маҷмааи «Кохи Наврӯз» - и шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20 - умин солгарди таъсиси ин созмон бахшида шудааст, ҷараён дорад.

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин (онлайн) ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ - Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух (онлайн), Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок доранд. Дар нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар баробари қабули пешниҳоду ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин маконҳои таърихии кишвари азизамон ба рӯйхати ҷойҳои аҷибу ғайриодии созмони мазкур пазируфта шудаанд. Яке аз онҳо Маҷмааи «Кохи Наврӯз» мебошад, ки ба феҳристи «8 муъҷизаи СҲШ» шомил гардидааст.

Вуруди Маҷмааи «Кохи Наврӯз» ба ин феҳрист зимни баргузории чорабиние бахшида ба Рӯзи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ва рӯнамоии лоиҳаи иқтидорҳои сайёҳии кишварҳои аъзои созмон таҳти унвони «8 муъҷизаи СҲШ», ки дар ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзо роҳандозӣ гардида буд, аз ҷониби котиботи СҲШ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ карда шуд.

Дар чунин чорабинии муҳташам ба ҳозирон санъати наққошӣ, кандакорӣ, чӯбкорӣ, гаҷкориву оинабандӣ ва ҳунари сангтарошии мардуми тоҷик тариқи аксу нигораҳо ва роликҳои видеоӣ намоиш дода шуданд, ки воқеан, мояи ифтихору сарфарозии шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Имрӯз ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва 20-умин солгарди таъсиси СҲШ дар толори «Зарандуд»-и ин маҷмаа доир гардид.

:.  Хабарҳо 17.09.2021 06:50 622

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz