07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАР ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ ШВКХ, ШВМ ВА ККША СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

 

     Shos2Имрӯз, 15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.

   Дар кори иҷлосияи муштарак намояндагони баландпояи кишварҳои узви СААД иштирок доштанд.

         Тибқи рӯзномаи ҷаласаи муштарак кишварҳои узв оид ба вазъи низомӣ - сиёсии минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ ва Қафқоз амнияти дастҷамъии СААД ва фаъолияти Созмон дар давраи байнииҷлосиявӣ мубодилаи афкор намуданд. Маълумоти Котиби генералӣ Станислав Зас дар бораи омодасозии лоиҳаи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими қитъаҳои сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва Вазири корҳои хориҷии Арманистон Арарат Мирзоян оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолият дар давраи раёсати Созмони Ҷумҳурии Арманистон шунида шуд.

   Роҳбарони ҳайатҳо дар маҷмўъ лоиҳаи Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД –ро ба мувофиқа расонда, чанд изҳорот, аз ҷумла Изҳороти муштараки кишварҳои узви СААД «Дар бораи вазъи Афғонистон», Изҳороти вазирони корҳои хориҷиро дар бораи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо кибертерроризм, Изҳороти вазирони корҳои хориҷӣ оид ба талошҳои дастҷамъона барои ҳалли вазъиятҳои буҳронӣ дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ ва Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ «Оид ба тасдиқи уҳдадорӣ ба принсипҳои Оинномаи СММ ва таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини риояи қатъии онҳо»-ро ҳамоҳанг намуданд.

  Shos1 Аз рӯи натиҷаҳои иҷлосияи муштарак тақрибан 20 қарор қабул карда шуд, ки ба тавсеаи ҳамкории кишварҳои узви СААД оид ба масъалаҳои амнияти биологӣ ва такмили системаи омодагии якҷояи кадрҳои ҳарбӣ барои қувваҳои мусаллаҳ нигаронда шудаанд. Инчунин Қарори Шӯрои амнияти дастҷамъӣ «Дар бораи намояндаи махсуси Дабири кулли СААД оид ба масъалаҳои ҳифзи сулҳ» қабул карда шуд.

   Дар ҷараёни мулоқот ба иҷрои пайдарпайи раёсати Тоҷикистон аз рӯи принсипҳои баробарӣ, давомнокӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми андешаи ҳар як кишвари узви СААД баҳои баланд дода шуд.

     Қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаҳои навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД нимаи аввали соли 2022 дар Арманистон баргузор шаванд.

 

:.  Хабарҳо 15.09.2021 11:16 634

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz