07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОҒОЗИ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ЛАХШ

 

 

Ogozi jamovarii_kartoshka_dar_LahshКишоварзони ноҳияи Лахш  то имрӯз дар беш аз 50 гектар замин картошка ҷамъоварӣ намуда, аз ҳар гектар кишти картошкаи маҳаллӣ ба ҳисоби миёна аз 350 то 420 сентнер ҳосил рӯёнда истодаанд.

Тавре сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Лахш Нусратулло Латипов иттило дод, имсол кишоварзони ноҳия дар майдони 3168 гектар картошка кишт намуданд, ки нисбати нашқаи дурнамо 18 гектар зиёд мебошад. Ҳоло деҳқонон ҷаҳду талош доранд, ки ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

Дар ноҳияи Лахш  аввалин шуда,  деҳқонони ҷамоати деҳоти Қашот ва  Ҷиргатол ба ҷамъоварии картошка шурӯъ карданд. Дар мавзеъҳои дашти Ҷиргатол ва Янгиёр ҳосилнокии картошка нисбат ба соли гузашта зиёдтар буда, бо мусоид омадани боду ҳаво марҳила ба марҳила ҳосили фаровон рӯёнда мешавад.

Имрӯзҳо барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили картошка ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфта, техникаҳои кишоварзӣ дар мавзеъҳо вобаста шудаанд.

Инчунин кишоварзони ноҳия ба бозорҳои пойтахт зиёда 130 тонна нок ва ба вилояти Суғд беш аз 100 тонна зардолу содирот намуданд.

Далер САФАР

:.  Хабарҳо 10.09.2021 09:59 525

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz