07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 

Rushdi DonishДар рӯзи аввали соли хониш чун дар дигар гӯшаҳои кишварамон омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон Рӯзи донишро дар фазои идона хушу хотирмон истиқбол гирифтанд. Дар маросимҳои идонаи соли нави хониши 2021-2022, ки ба арафаи таҷлили ҷашни фархунда 30-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омадааст, мардуми шарифи вилояти Хатлон бо руҳияи болидаву ҳисси ифтихор аз соҳибистиқлолии кишварамон ширкат варзиданд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи нақша чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-таълимӣ ва техникии муасссиаҳои таҳлимӣ ва томактабӣ дар вилояти Хатлон 722 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла, 73 муассисаҳои томактабӣ, 649 муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шудаанд.

Бинобар маълумотҳои Сарраёсати маориф ва илми вилояти Хатлон соли нави таҳсили 2021-2022 дар вилояти Хатлон зиёда ба 50 адад муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, наздик ба 1360 адад муассисаҳои  таҳсилоти  умумӣ ва 1000 адад муассисаҳои томактабию марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 800 ҳазор нафар хонанда, тайёру омодагии касбӣ наздик ба 90 ҳазор нафар донишҷӯёну   хонандагони  касбомӯз  ва  ба  тарбияи  томактабӣ  беш  аз  40 ҳазор кӯдакони синни томактабиро  фаро  мегиранд.

Бинобар маълумотҳои фаврӣ дар соли нави хониши 2021-2022 теъдоди кӯдакони ба синфи 1- и муассисаҳои таълими фарогирифта шуда зиёда аз 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

:.  Хабарҳо 02.09.2021 12:06 589

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz