07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН:

 

«ЗАНОНУ БОНУВОН ЯК БОЛИ ҚАВИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁРАМОН МЕБОШАНД»

  si-solagii-Istiqloliyat - Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ мақоми занону бонувон дар ҷомеа тақвият пайдо карда, фаъолияти онҳо дар вазифаҳои роҳбарии шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ бамаротиб вусъат ёфт, - иброз намуданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки имрўз дар Кохи Борбад барпо шуд.

   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат саҳми бонувону занонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан дар солҳои вазнину ҳассоси оғози соҳибистиқлолӣ, барқарорсозии баъдиҷангӣ ва давраҳои минбаъдаи рушди кишвар ҳамеша қадр менамояд.

- Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз бонуи тоҷик ҳамчун чеҳраи сиёсӣ, вакил, олим, омӯзгору табиб ва муҳандису адиб шинохта шудааст ва сафи бонувони олимону ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор ва хоҷагидору соҳибкор торафт меафзояд,- гуфтанд Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон.

   Ҳамчунин зикр шуд, ки имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки бонувону духтарони тоҷик дар он фаъолият надошта бошанд.

   Ҳоло 23,3 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ ва беш аз 18 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда занон мебошанд.

   Дар соҳаҳои калидии иҷтимоӣ, яъне маориф имрӯз беш аз 73 фоиз, илм 26,5, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 68 ва фарҳанг 51 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

   Сарвари давлат инчунин тазаккур доданд, ки «мо минбаъд низ ташаббусҳои занону бонувонро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва мақоми иҷтимоии занону духтарон, ҳалли масъалаҳои ҳаёти онҳо, аз ҷумла бо роҳи омӯзонидани илму дониш, касбу ҳунар ва муҳайё кардани ҷойҳои корӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.

Зеро бори дигар изҳор медорам, ки зиндагӣ аз зан – модар сарчашма мегирад ва занону бонувони мо як боли қавии давлати соҳибихтиёрамон мебошанд».

                                                                                                   АНОЊИТО

:.  Хабарҳо 08.09.2021 12:25 583

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz