07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАР ДУШАНБЕ ОЗМУНИ «НОН ШУДАМ, ШОИСТАИ ҲАР ХОН ШУДАМ» БАРГУЗОР МЕШАВАД

 

   shir112 август дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» - и шаҳри Душанбе озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» баргузор мешавад. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 10 августи соли 2021 ҳайати аъзои гурӯҳи корӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории озмуни мазкур тасдиқ гардид.

     Иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои банди 28 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ мегардад.

     Даврҳои якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021, ки бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2019 тасдиқ шудааст, ташкилу баргузор карда мешаванд.

     slide2Ҳадафи асосии баргузории ин озмун аз эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини нонпазии ниёгон, тарғиби эҳтиром ба нон ва ҳунари нонпазӣ, намоиши пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои мамлакат, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он, ҳарчӣ бештар эҳё ва тарғибу ташвиқ кардани намудҳои нон ва маҳсулоти нонии парҳезӣ дар вилоят, шаҳру ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳаллаҳо иборат мебошад.

       Ёдовар мешавем, ки тӯли чанд сол аст, дар пойтахт Озмуни маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» бо шукӯҳи хосса баргузор мегардад.

     Дар озмунҳои қаблӣ нонпазҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт тарзи тайёр кардани нони тоҷикӣ, аз қабили чаппотӣ, сатрӣ, кулчаи хурду калон, фатир, таҳмол, орзуқ, фатири қад-қад, қалама, ҳалвои сурху сафед ва дигар маҳсулоти аз орди гандум тайёршавандаро пешниҳод намуданд.

:.  Хабарҳо 11.08.2021 09:51 703

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz