07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИМТИЁЗҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

 

Rano-Nasriddinova 1Хатмкардаи мактаби миёнаи  рақами 28-и деҳаи Сории шаҳри Панҷакент, барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Раъно Насриддинова бе озмун, ройгон ва бо тавсияномаи Вазири маориф ва илми мамлакат ба шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабул гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Чуноне, ки дар низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омадааст, ғолибони даври чорум - ҷойҳои 1, 2, 3 ва барандаи шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ бо ихтисоси интихобкардаашон бе озмун ва ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат қабул карда мешаванд.

Чунин имтиёзҳо дар Низомномаи имсола бештар гардидаанд. Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар ташкилот ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Инчунин омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда мешаванд.

Ҳамчунин омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони худро аз даври якум то даври чоруми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллӣ мегарданд. 

:.  Хабарҳо 06.08.2021 09:25 698

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz