17 июни соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фарогирии занони ҳомила ба чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба пешгирии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак» машварати онлайнӣ доир гардид. Дар машварат муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, масъулини соҳа ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии мамлакат ширкат варзиданд.
