Аз 5 то 15 июни соли 2021 дар ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо» гузаронида мешавад. Он аз ҷониби Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо роҳандозӣ мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».