07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«РӮЗИ КӮДАКОН» ДАР ҶАҲОН

 

sgbfhtҲамасола дар ҷаҳон 1-уми июнро Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн мегиранд. Соли 1949 дар Париж конгресси занона баргузор гардид, ки дар он савганди муборизаи беамон барои пойдории сулҳ ҳамчун кафолати хушбахтии кӯдакон садо дод. СММ ин ташаббусро дастгирї намуда, ҳифзи ҳуќуќ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои фаъолияти худ ќарор дод.

Аввалин маротиба 1-уми июни соли 1950 Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон доир гардид, ки алҳол зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.

  Дар Тоҷикистон низ имрӯзро бо шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Дар мактабҳо чорабиниҳои гуногуни ҷашнӣ ва дар боѓҳои фарҳангиву фароғатӣ гаштугузори идона доир мегардад.

  Дар як қатор кишварҳо озмуни расмкашӣ дар рӯи мумфарш, бозиҳои варзишӣ ва консерту раќси кӯдакон баргузор карда мешавад.

  Дар Ҷопон Рӯзи кӯдаконро се маротиба ҷашн мегиранд: 3-юми март иди духтарон аст, ки он махсус барои духтарони хурдсол бахшида мешавад ва волидон дар хона намоиши лӯхтакҳои зеборо ба роҳ мемонанд, ки туҳфаи арзанда барои духтарони хеш ҳисобида мешавад. 5-уми май иди писарон ва 15-уми ноябр рӯзи кӯдакони 3, 5, 7-сола аст. Мувофиќи аќидаи ҷопониҳо ин солҳои хушбахтии кӯдакон маҳсуб меёбад.

  Дар Кореяи Ҷанубӣ ҳанӯз аз соли 1920 ин рӯзро ќайд мекарданд ва баъдан 5-май ба Рӯзи кӯдакон табдил ёфт.

  Дар Колумбия 4-уми июн рӯзи кӯдакон аст, ки онҳо ба рӯй ниќобҳои гуногун кашида, ба кӯчаҳои шаҳр мерезанд.

  Дар Бразилия 15-уми август Рӯзи кӯдакон аст. Дар ин рӯз шурӯъ аз кӯдакони навзод то панҷсола аз муоинаи духтурон гузаронда мешаванд, ки маънии «саломатии кӯдакон - арзиш беҳтарин аст»-ро дорад.

:.  Хабарҳо 01.06.2021 07:50 561

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz