07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАР ДУШАНБЕ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДОИР ГАШТ

 

Zan1Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021 конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Зан — сарчашмаи зиндагӣ» баргузор гардид.

       Конференсияро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуд.

     Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар баромади худ гуфт, ки

     - «Аз ҷониби ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар ин самт ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани вазъи занон, ҳифзи ҳуқуқии оила ва модару кӯдак, ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди оила ва сиёсати демографӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои занону духтарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо, яъне баланд бардоштани нақши иҷтимоии бонувону духтарон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда,   чунин сиёсати наҷиб минбаъд низ идома меёбад”.

     Мавриди зикр аст, ки дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, олимону коршиносони ватанию хориҷӣ, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

     Конференсия тариқи маҷозӣ низ сурат гирифта, дар он намояндаи Федератсияи Россия дар Шӯрои ҳамкории гуманитарии кишварҳои ИДМ Михаил Швидкой ва дигар олимону коршиносон аз Озорбойҷон, Украина, Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок ва суханронӣ намуданд.

     Коршиносон дар баромадҳои хеш ба ҷанбаҳои муҳимтарини татбиқи сиёсати гендерӣ, механизмҳои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва давлат, дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, таҳия ва ҳалли масъалаҳои мубрами давлат дахл карданд.

   Дар қисмати кор бо бахшњо баёнияи иштирокчиёни конференсияи байналмилалии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Зан - сарчашмаи зиндагӣ» ќабул гардид.

:.  Хабарҳо 31.05.2021 11:21 630

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz