07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

2571 ИСТИРОҲАТГОҲ БАРОИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ОМОДА АСТ

 

 viber_2020-05-29_12-32-24То анҷоми соли хониши 2020-2021 рӯзҳои башумор боқӣ монда, соли равон барои муташаккилона гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тақрибан 2571 истироҳатгоҳ пешбинӣ шудааст. Дар мавсими имсола дар лагерҳои алоҳида то 3 баст истироҳати кӯдакону наврасон ба нақша гирифта шуда, дар маҷмӯъ зиёда аз 200 ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, иттифоқҳои касаба, корхонаву муассисаҳо, ташкилоти сарпарастон ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд.  

   Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иброз доштанд, ҳар сол дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад.

   - “Соли 2020 вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии сирояти коронавируси КОВИД-19 дар ҷумҳурӣ ин гуна истироҳат мавқуф гузошта шуд. Бо назардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва таҳти назорати қатъии санитарию эпидемиологӣ қарор доштани ҳудуди санитарии кишвар аз воридот ва   эҳтимолияти пайдошавии ҳодисаҳои нави сироят, дар асоси омӯзишҳои ҳамаҷониба, инчунин вобаста ба иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2021” аз 27 марти соли 2021 бо назардошти дар истироҳатгоҳҳо пешбинӣ намудани таъмини талаботи беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, мавҷуд будани нуқтаи тиббӣ, аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои истироҳатӣ гирифтани хулосаи зарурии мусбати мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии ҳудуди маъмурӣ, ташкили муоинаи тиббии ҳайати кормандон ва хизматрасони истироҳатгоҳҳо бо назардошти озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти КОВИД-19 барои ҳайати кормандон ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон мувофиқи мақсад дониста шуд”,- афзуд манбаъ.

   Айни ҳол, аз ҷониби ташкилоти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҷиҳати ташкил ва гузаронидани истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакону наврасон дар соли 2021 омодагиҳо вусъат меёбанд.

 

           Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазорату идораҳо ва ташкилоти муттасаддӣ бояд бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар мавсими тобистонаи имсола тадбирҳои зарурӣ андешида, ба фарогирии кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони қобилиятнок, кӯдакони кормандони соҳаи кишоварзӣ ва кӯдаконе, ки дар муассисаҳои давлатии таълимии мактаб-интернатҳои вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти таъминоти давлат қарор доранд, ба истироҳату солимгардонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

:.  Хабарҳо 25.05.2021 10:32 616

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz