08

Июл, 2025
Сешанбе

08

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҲАФТАИ ИММУНИЗАТСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН ОҒОЗ ЁФТ

af02-7e46-dd6a-1ef8

26 апрел дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» - и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

   Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, дар ҳамоиши мазкур сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавски, муовини роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Зайнаб - ал-Аззавӣ, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

     Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иброз дошт, ки аз 26 апрел то 2 майи соли 2021 давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Ҳафтаи аврупоии иммунизатсияро (ҲАИ) ҷашн мегиранд. Мақсади асосии он – баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.

     Ба зикри мавсуф, мавзӯи имсолаи Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия- ин «Ваксинаҳо моро ба ҳам наздик мекунанд» мебошад. Ин шиор маҳз дар давраи пандемияи COVID-19 хуб эҳсос карда мешавад.

   «Маҳз бо шарофати коркарди ваксинаҳои нав бар зидди сирояти COVID -19 ва истифодаи оммавии онҳо ҷомеаи башар метавонад ба пандемия хотима диҳад ва аз нав ба ҳаёти муқаррарии худ баргардад. Ин ҳолат бори дигар тамоми мардуми дунёро водор месозад, ки аҳамияти иммунизатсияро дар пешгирии бемориҳои сироятӣ дарк намуда, аз он бетараф набошанд. Новобаста аз мавҷуд будан ё набудани бемории коронавируси нави COVID-19 дар кишварҳои ҷаҳон иммунизатсияи тақвимӣ маҳз дар ҳамин давра бояд фаъолтар бошад, зеро бо кӯшиши пешгирии як беморӣ ба сар задани хурӯҷи бемориҳои дигари сироятии идорашаванда бояд роҳ надиҳанд»,- зикр шуд дар ҳамоиш.

:.  Хабарҳо 27.04.2021 11:00 645

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz