08

Июл, 2025
Сешанбе

08

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОЗМУНИ «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» ДАР ХАТЛОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

 

5s-4Санаи 18 март даври минтақавии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар шаҳри Бохтар, дар майдони Театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов доир ва ҷамъбаст гардид. Ҷойи аввалро ҳунармандони ноҳияи  Шаҳритус, ҷои дуюмро шаҳри  Норак ва  ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомию Ёвон, ҷои сеюмро кадбонуҳои ноҳияҳои Муъминобод, Восеъ ва Вахш гирифтанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар озмуни мазкур занону духтарони 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Иштирокчиёни озмун дар дастархонҳои ҷашнӣ намудҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, кулчақандҳои болаззат ва хӯришҳоро пешниҳод намуданд. Озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии сардори Раёсати кор бо занон ва оила Раъно Раҳимзода бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

3-s7

Ғолибони озмун бо шаҳодатномаҳо ва туҳфаҳои арзишноки  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мукофотонида шуданд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур - эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо,  омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ мебошад.

:.  Хабарҳо 19.03.2021 05:43 616

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz