08

Июл, 2025
Сешанбе

08

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ФЕСТИВАЛИ НОҲИЯВИИ «ЧАКОМАИ ГЕСУ»

 

chakomai-gesu-1-qДар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тарғибу ташвиқи таъриу фарҳанг, суннату анъанаҳои ниёгон ва дигар арзишҳои неки миллӣ, дар дар Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик фестивал – озмуни «Чакомаи гесу» баргузор гардид.

Фестивал дар саҳни Қасри фарҳанг аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла либосҳои миллии занона, кӯрпаю болишт, тоқиҳои занона, қуроқдӯзиву чакандӯзӣ, зару зевари занона оғоз ёфт. Дар ин ҷо ҳамзамон дастранҷҳои бонувон – рафидаю остинча, элак, суфра, дастархон, зарфҳои гуногунранг, матоъҳои миллӣ ва ғайра пешниҳод шудаанд, ки нишон аз ҳунари волов а тахайюли рангини бонувони ин диёр асит.

Ҳадаф аз баргузории фестивали «Чакомаи гесу» тарғибу ташвиқи зебоипарастии духтарону бонувон, қироати ашъори баландмазмун дар васфи зан, намоиши ҷозибаи гесу, сару либос, ороишоти миллӣ, нигоҳубини дасту рӯй ва ғайра иборат буд.

Дар ин чорабинӣ як зумра расму оинҳои мардуми тоҷик, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, чакандӯзӣ, ва дигар оину маросимҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Фестивали мазкур аз рӯйи номинаҳои ороишу мӯйбофии қадимӣ, ҳунари машоттаҳо, саршӯёну арусбаророн, мӯйбофӣ, зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, майдабофӣ сурат гирифта, зебоӣ дар истифодаи унсурҳое чун кокул, пита, панҷак, пӯпак, силсила, зулф ва дигар анъанаҳои миллӣ мавриди эътибор қарор дода шуд.

chakomai-gesu-2-qҲамзамон дар ин фестивал, хурдсолону наврасон, духтарон ва бонувон бо мӯйҳои дарозу чеҳраи зебои миллӣ баромад намуданд.

Фестивали мазкур дар баланд бардоштани мақому манзалати зан, бедор кардани ҳисси зебоипарастии занон, тарғиби либос ва матоъҳои миллӣ аз қабили атласу шоҳӣ, чакану гулбаст ва баланд бардоштани завқи онҳо нисбат ба фарҳанги либоспӯшӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ нақши созгор касб намуд.

Ин чорабинӣ аз ҷониби ҳакамон, доираи васеи тамошобинон, аҳли зиё шоирону нависандагон, сарояндагон ва дигар иштирокдорон баҳои баланд гирифт.

Ҷомиӣ ЗАРИФЗОДА,

ноҳияи Темурмалик

:.  Хабарҳо 03.03.2021 11:45 619

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz