08

Июл, 2025
Сешанбе

08

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НИҚОБ ПУШЕД

 

8245880-1   Бо сабаби сар задани мављи дубораи хурўљи бемории COVID -19 дар аксар кишварњои дунё Ситоди љумњуриявї оид ба пурзўр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роњбарии онро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бар зима дорад, имрўз мурољиатномаи худро ба аҳолии кишвар ирсол намуд.

Дар мурољиатномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ гуфта мешавад, ки дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ хуруҷ карда, ҳукуматдорони ин давлатҳоро барои тадбирандешиҳои иловагӣ дар мубориза бар зидди ин беморӣ водор сохтааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Мардумии Хитой, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Арманистон, Олмону Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо баъди коҳиш ёфтани сатҳи гирифторшавии аҳолӣ ба ин беморӣ бинобар риоя нагардидани қоидаҳои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ, хусусан риоя нагардидани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷаъмиятӣ, инчунин бе ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ гаштугузор намудани одамон аллакай паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 бештар гардидааст.

Бинобар ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ   фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд.

Инчунин, аз тамоми сокинони мамлакат, ки аз минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе меоянд даъват ба амал меорад, ки бе зарурат ба пойтахти мамлакат сафар накунанд ва дар акси ҳол аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ истифода намуда, қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва қоидаҳои фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя намоянд. Аз тамоми сокинони мамлакат бори дигар даъват ба амал меоварад, ки аз гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳо, ҷашну маросим ва маъракаҳои хурсандиву азодорӣ то ба эътидол омадани вазъияти эпидемиявӣ худдорӣ намоянд.

Дар сурати иҷро нагардидани талабот ва қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар мамлакат нисбат ба нафароне, ки ин қоидаву тартиботро иҷро намекунанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

:.  Хабарҳо 04.06.2020 14:05 979

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz