08

Июл, 2025
Сешанбе

08

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАВОИ ВАРАҶА БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУС:

 

Магар гидроксихлорохин таъсирбахш аст?

 

          --3Роҷеъ ба таъсирбахшии доруи гидроксихлорохин, ки пешниҳоди нави доруи хлорохин асту барои муолиҷаи вараҷа, баъзе сироятҳои протозоидӣ, артрити ревматоидӣ ва бодхӯрдагии сурх (як навъ бемории пӯст) пешбинӣ шудааст, имрӯзҳо сару садоҳо баланд гаштааст, ки гӯё давои таъсирбахштарин бар зидди бемории COVID-19 мебошад.

Қатъи назар аз изҳороти СҶТ, ки роҷеъ ба таъсирбахшӣ ва бехатарии гидроксихлорохин ҳанӯз далеле бар даст надорад, президенти ИМА Доналд Трамп дар брифинг хабар дод, ки бо мақсади пешгирӣ аз коронавируси нав ба истифодаи ин дору дастур додааст. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи апрел Идораи назорати санитарӣ бар сифати маҳсулоти озуқа ва дорувории ИМА (FDA) гуфта буд, ки аз бехатарӣ ва таъсирбахшии ин дору бар зидди коронавирус ҳанӯз далеле ба даст надорад.   

Гидроксихлорохин, ки назар ба хлорохин камтар ба заҳролудшавӣ меорад, таъсири амиқи зиддивирусӣ ва зиддиилтиҳобиро доро мебошад. Ҳардуи ин дору метавонанд бемориҳои аритмия ва тахикардияро бахусус дар маризони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо ба вуҷуд оранд. Дар ин хусус FDA низ қаблан хабар дода буд.

Тибқи тадқиқоте, ки дар ИМА гузаронда шуд, 368 маризе, ки дар беморхонаи ветеранҳо аз СOVID-19 табобат мегирифтанду доруи гидроксихлородинро истифода мебурданд, назар ба дигар беморони ин маризӣ, ки аз табобати муқаррарӣ гузаштаанд, бештар фавтидаанд.

Ноиби Президенти Ҷамъияти байналмилалии тадқиқот дар самти доруҳои зиддивирусӣ профессор Кэтрин Сели-Радтке дар сомонаи sciencealert.com навиштааст, ки ба хлорохин бе ҳеҷ далели таъсирбахшӣ ба бемории СOVID-19 таваҷҷуҳи барзиёд зоҳир мегардад. Муҳимтар аз ҳама, он метавонад таъсири манфии бештаре дошта бошаду одамонро бардурӯғ ба сиҳатӣ умедвор созад.                                                                                                                                                                                                                                                                                                        Манбаъ: ВВС

:.  Хабарҳо 02.06.2020 12:45 787

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz