08

Июл, 2025
Сешанбе

08

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НАҚШИ БОНУВОНИ ЭҶОДКОР ДАР РУШД МАТБУОТИ ТОҶИК

depositphotos 90101260_m-2015 

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар арафаи иди Рӯзи модарон дар шаҳри Бохтар Конференсияи вилоятии “Нақши бонувони эҷодкор дар рушди матбуоти тоҷик” баргузор гардид, ки дар он намояндагони ВАО-и шаҳру навоҳии вилоят, устодону донишҷӯёни факултаи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав ва олимону пажуҳишгарони соҳаи ВАО ширкат варзиданд.

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, зимни сухании ифтитоҳӣ оид ба саҳми бонувони эҷодкор дар эҳё ва рушду нумӯи матбуоти кишвар, аз ҷумла, ВАО-и вилояти Хатлон, аз корномаи таърихии асосгузори нахустин нашрияи ҷамъиятӣ дар вилоят, бонуи рӯзноманигор Валентина Астафева ёдовар шуд.

– Валентина Астафева солҳои 50-уми асри гузашта, аз Федератсияи Россия ба водии Вахш омада, дар маҳали корҳои сохтмонии “Вахш-строй” рӯзномаи деворӣ таъсис дода, солиёни зиёд бо инъикоси муҳимтарин рӯйдодҳои корҳои сохтмонӣ ва тарғибу ташвиқи пешқадамони ин иншооти муҳими таърихӣ саҳми ниҳоят бузург бозидааст. Баъдан, дар тӯли зёда аз 90 соли ҳастии матбуот даҳҳо бонувони рӯзноманигори вилояти Хатлон, аз қабили Оля Бадрова, Ҳуриннисо Ализода, Шарифамоҳ Кишвардӯхт ва дигарон ба фаъолияти арзандаи худ дар инъикоси хабару рӯйдодҳои кишвар ва тарбияву омода намудани рӯзноманигорони ҷавон саҳми бориз гузоштаанд, - иброз дошт Ф.Шарифӣ.

Дар конфронс ҳамчунин Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон суханронӣ намуда, оид ба саҳми занон дар ҷомеа, хоса нақши бонувони эҷодкор дар давраҳои гуногуни фаъолияти ВАО ва рушду пешрафти минбаъдаи он ибрози андеша намуд. Мавсуф аз ҳузури фаъол ва шумораи сол аз сол афзояндаи бонувони эҷодкор дар тамоми шабакаҳои радио ва телевизионҳои сартосарии кишвар ва рӯзномаву маҷаллаҳи даврӣ ёдовар гардида, фаъолиятҳои илмии пажуҳишгаронро дар самти нақши бонувони эҷодкор дар рушди ВАО музофотҳо шоистаи таҳсин хонд.

Баъдан, омӯзгорони Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ва устодони кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав дар мавзӯъҳои “Бонувони рӯноманигори минтақаи Кӯлоб ва матбуоти муосир”, “Саҳми бонувон дар рушди илми журналистика” маърӯза намуданд. Сипас, Шарофати Дониёр, сармуҳаррири маҷаллаи “Меҳровар” ва Асалмо Сафарзода, сармуҳаррири нашрияи вилоятии “Хатлон” оид ба аҳамияти инъикоси фаъолияти бонувони вилояти Хатлон дар расонаҳои иттилоотӣ ва нақши занон дар рушду нумӯи матбуоти тоҷик изҳори назар намуданд. Зимни муҳокимаи маърӯзаву пешниҳодҳо зикр гардид, ки дар баробари фаъолияти чашмраси олимони бонувони пажуҳишгари соҳаи рӯзноманигорӣ, мебояд вобаста ба мавзӯи нақши бонувон дар рушди матбуоти вилоят ва кишвар корҳои илмию тадқиқотӣ беҳтар ба роҳ монда шавад.

Дар фарҷоми Конференсияи вилоятии “Нақши бонувони эҷодкор дар рушди матбуоти тоҷик” як зумра собиқадорон ва рӯзноманигорони фаъол бо нишони “100 –солагии матбуоти тоҷик” ва сипосномаву ифтихорномаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Ҷамолиддин Сайфиддин,

Хатлон

:.  Хабарҳо 13.03.2020 03:37 821

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz