08

Июл, 2025
Сешанбе

08

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ФАЪОЛНОКИИ БОНУВОНИ НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

-4Дар 69 ҳавзаи интихоботии оид ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 253 номзад аз тарафи Конференсияҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва бо тариқи худпешбарӣ пешниҳод гардидаанд, ки аз ин шумора 77 нафаррашонро бонувони ташкил медиҳанд. Дар ин бора Қурбон Қурбонзода, раиси комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон иттилоъ дод. – Аз шумори умумии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 95 номзадро Конференсияҳои ҳизбҳои сиёсии кишвар пешниҳод намуда, 158 нафар тариқи худпешбарӣ номзадии худро гузоштаанд., ки аз ҳисоб 29 нафарашон шаҳрвандони ғайриҳизбӣ мебошанд.

Аз ҷумла, бо пешниҳоди Конференсияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон 67 номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешбарӣ гардидаанд. Тавре муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло иброз дошт, дар баробари пешниҳоди Конференсияҳои ҳизбӣ инчунин 68 нафар аъзоёни ҳизби мазкур тариқи худпешбарӣ номзадии худро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешбарӣ намудаанд.

Дар ҳавзаҳои шаҳру ноҳиявии вилояти Хатлон бо пешниҳоди Конференсияҳои Хизби халқии демократии Тоҷикистон 923 номзад ба вакилии маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо пешбарӣ карда шудаанд.

- Шумори худпешбарҳо аз ҳисоби фаъолони ин ҳизб, ки мустақилона дар сабқати интихоботи вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо иштирок мекунанд, 1023 нафарро ташкил медиҳад, - иброз дошт Дилафрӯзи Абдулло.

Тибқи иттилои бадастомада, дар ҳавзаҳои шаҳру ноҳиявии вилояти Хатлон дар умум 3100 номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳру навоҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 970 нафарашон бонувон мебошанд. Бо пешниҳоди Конференсияҳои аҳзоби сиёсӣ Хизби халқи демократӣ 923 номзад, Ҳизби аграрӣ 141 номзад, Ҳизби коммунистӣ 94, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 94, ҳизби демократӣ 32 ва Ҳизби сотсиалистӣ 12 нафарӣ номзадҳои худро пешниҳод намудаанд. Шумораи номзадҳои худпешбар аз ҳисоби шаҳрвандони беҳизб 784 нафарро ташкил медиҳад.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

вилояти Хатлон

:.  Хабарҳо 03.03.2020 11:25 1026

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz