08

Июл, 2025
Сешанбе

08

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НИГАРОНӢ АЗ БАЛАНДИИ НАРХИ МОШИНҲОИ САЙЁРИ ТОҶИКМАТЛУБОТ

04-02-202

 

   Санаи 4-уми феврали соли ҷорӣ дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо иштироки раиси Раёсати мазкур Ҳусайн Идиев нишасти матбуотӣ доир гардид. Диққати хабарнигоронро нархи нисбатан баланди маҳсулоти кишоварзӣ дар мошинҳои сайёри «Тоҷикматлубот», ки дар нуқтаҳои сераҳолии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, ба худ кашид.

Ҳамчунин қайд гардид, ки дар баробари гарон будани арзиши сабзавоту меваҷоти мошинҳои мазкур муносибати кормандони он бо харидорон дағалона сурат мегирад. Роҷеъ ба ин масъала, Ҳ. Идиев иброз дошт, ки дар ин самт камбудиҳо воқеан ҷой доранд ва месазад, ки шаҳрвандон ва намояндагони ВАО дар сурати ошкор намудани чунин камбудиҳо бо шахси масъул тариқи телефони 221-09-44 дар тамос шуда, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар чунин нуқтаҳои фурӯш мусоидат намоянд. Роҷеъ ба ин, зикр гардид, ки ба таври мушаххас макони ҷойгиршавии ин мошинҳо бояд ишора карда шаванд.

Маврид ба ёдоварист, ки Иттифоқи «Тоҷикматлубот» аз буҷаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ намегардад ва дар соли 2019 даромади умумии аз натиҷаи фаъолияти кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ ба дастомада 102,7 миллион сомониро дар бар гирифтааст, ки нисбат ба соли 2018 4,4 миллион сомонӣ зиёдтар аст. Ҳамчунин, дар соли сипаришуда ҳаҷми ҳиссаҷудокуниҳои андоз аз ҳама намуди манбаъҳо ба буҷети мамлакат 31,0 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2018 173 000 сомонӣ бештар мебошад.

 

:.  Хабарҳо 02.02.2020 16:14 907

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz