09

Июл, 2025
Чоршанбе

09

Июл, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«ҶИЛВАИ РАНГҲО» ҶАМЪБАСТ ШУД

jilvai rangho2Дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» доир гардид. Фестивал бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакону наврасон, ҷавонон, занону духтарон, мардон ва риояи тарзи пӯшидани онҳо созмон дода шуд.

Фестивал аз рӯи 8 бахш, аз ҷумла «Либосҳои қадима ва муосири кӯдакону наврасон», «Либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ», «Либосҳои рӯзмараи ҷавондухтарон», «Бонувон ва модарон», «Либосҳо барои ҷавонон», «Мардон ва мӯйсафедон», «Либосҳои маросимӣ ва идона», «Либосҳои расмӣ (протоколӣ)», «Либосҳои фароғатӣ ва либосҳо барои хонаву корхона» баргузор гардид.    

 

  • CLICK_TO_ENLARGE jilvai_rangho1.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE jilvai_rangho2.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE jilvai_rangho3.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE jilvai_rangho4.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE jilvai_rangho5.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE jilvai_rangho6.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE jilvai_rangho7.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE jilvai_rangho8.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE jilvai_rangho9.jpg

 

Фестивали «Ҷилваи рангҳо» дар се давр баргузор шуда, даври аввал дар сатҳи маҳалла, деҳа  ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва  даври ҷамъбастии он дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Иштирокчиёни он - тарроҳону дӯзандагон, эҷодкорону рассомон, чеварону ҳунармандон ва дигар хоҳишмандони ин касб, ҳунари волои худро ба алоқамандону дӯстдорони либосҳои тоҷикӣ муаррифӣ намуданд.

Иштирокдорони ҷашнвора, ки аксаран духтарону бонувон ва ҷавонон буданд, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ сару либоси тоҷикиро вобаста ба касбу кор, ороишоти миллӣ, ҳунари волои рақсу суруд пешкаши ҳозирин намуданд.

Дар анҷом ба ғолибон диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ ва «Сипоснома» - ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.   

:.  Хабарҳо 09.10.2019 10:06 970

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz