08

Июл, 2025
Сешанбе

08

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

РАҲМОН ОЗОДА ЭМОМАЛӢ - САФИРИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ЗАНОНИ СИЁСАТМАДОРИ РОҲБАР»

 09 20191

Созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» (Women Political Leaders) пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Сафири Созмони мазкур дар Тоҷикистон таъйин намудани Раҳмон Озода Эмомалӣ - раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуниятро қобили қабул донист.

Cозмони мазкур бо Шаҳодатномаи худ расман тасдиқ кард, ки ин вазифа нахустин бор дар Тоҷикистон ба зиммаи Раҳмон Озода Эмомалӣ бо дар назар гирифтани хизматҳои назаррасашон ба ҳайси аъзои парламент ва талоши доимиашон ҷиҳати ба даст овардани ҳадафу иҷрои босамари вазифаҳои он гузошта шудааст.

Созмони «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» дар Исландия ва Белгия бунёди мустақил, байналмилалӣ ва ғайриҳизбӣ буда, ҳамчун шабакаи иртиботот ва форуми ҷаҳонии занони ҷодаи сиёсат, занони сиёсатмадори роҳбарро бо мақсади ҳалли мушкилоти байналмилалӣ ва беҳтар намудани манфиатҳои умум бо истифода аз неруи дастаҷамъӣ ва қобилияти онҳо, дар сатҳи ҷаҳонӣ муттаҳид менамояд.

09 201959


Зикр кардан бамаврид аст, ки ба чунин мақом сазовор донис­тани зани сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби Созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки аз ҷониби роҳбарияти сиёсии давлати Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар арсаи байналмилалӣ низ натиҷаҳои матлуб ба бор оварда истодааст.

 

Ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Раҳмон Озода Эмомалиро барои сазовор будан ба эътимоди сатҳи баланди байналмилалӣ табрик намуда, дар ин кори масъулиятнок ба бонуи сиёсат муваффақият ва сарбаландӣ таманно доранд!

:.  Хабарҳо 07.09.2019 06:24 1024

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz