08

Июл, 2025
Сешанбе

08

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЁВОН

 09 201923

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ёвон шаш корхонаи коркарди пахта, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, равған ва нонию қаннодӣ: «Намаки Ёвон», «Комрон Агро Холдинг», корхонаи муқтадири «Хуаксин Ғаюр семент», фабрикаи «Ваҳдат», фабрикаи мурғпарварии «Беҳамто», корхо­наҳои тозабунёди «Хуаҷиан Ғаюр Индас­триал», «Криолит», «Ҷунгтсай Моҳир семент», қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе -
Бохтар, даҳҳо коргоҳҳои саноатии хурду миёна, 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав, 29 бинои нави таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ ва иншооти зиёди фарҳангию маишӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтанд, ки барои баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон ва пешрафти иқтисодии ноҳия таъсири мусбат гузоштанд.

Агар дар даврони шӯравӣ дар ноҳия ҳамагӣ 5 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дошт, имрӯз теъдоди онҳо аз 40 адад гузаштааст. Дар ин муддат аз корхонаҳои саноатии ноҳия ба миқдори 454 ҳазору 775 тонна семент, 221 ҳазору 200 дона гаҷкартону варақаҳои гаҷӣ, 452,9 тонна риштаи пахтагӣ, 1 миллиону 869,5 ҳазор ҷуфт ҷуроб, 38,2 тонна риштаҳои ранга ва 1306 тонна алюминийи фтордор ба маблағи умумии 222 миллиону 875,8 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 5 миллиону 443,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Соли 2019 як бинои шашошёнаи истиқоматӣ, 3 коргоҳи истеҳсолӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80, коллеҷи технологӣ-фармасевтӣ, 4 маркази саломатӣ, 1 бунгоҳи тиббӣ, 3 ҳаммоми замонавӣ, 1 меҳмонхона, 4 коргоҳи хурди дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн, 3 сартарошхона, 3 майдончаи варзиш, 27 маркази савдо, 49 маркази хизматрасонию мағозаҳои замонавӣ, анбор, мошинсарой, дорухона, фермаи ширию молӣ, нуқтаи фурӯши ангишт ва масолеҳи сохтмон, 2 нуқтаи таъмири техникӣ ва хизматрасонӣ, коргоҳи истеҳсоли лӯлаҳои оҳану бетонӣ дар назди корхонаи «Моҳир семент», бинои нави БДА, «Амонатбонк» ва якчанд иншооти дигар сохта ба истифода дода шуданд.

Айни замон дар ноҳия 84 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 97 муассисаи давлатӣ ва 6 муассисаи хусусии тиббӣ, 42 муассисаи фарҳангӣ ва 234 иншооти варзишӣ фаъолият менамоянд.

:.  Хабарҳо 07.09.2019 05:57 1068

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz