08

Июл, 2025
Сешанбе

08

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ФАЙЗОБОД

 09 201948

Танҳо дар ду соли охир дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия муассисаи томактабии деҳаи Бӯстон барои 60 нафар кӯдак, муассисаҳои таълимӣ дар деҳаи Меҳробод барои 100 хонанда, дар деҳаи Бобои Валӣ барои 100 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ҳамзамон, дар деҳаҳои Сари Чашма, Навобод, Баҳористон ва Шукурӣ сохтмони биноҳои замонавии муассисаҳои таълимӣ ва дар назди муассисаҳои таълимии № 6, 26 ва 30 сохтмони 16 синфхонаи иловагӣ анҷом ёфт, онҳо дар арафаи Соли нави таҳсил мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар ноҳия ба рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳаи пешбарандаи иқтисодиёт диққати ҷиддӣ дода мешавад. Соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 820 гектар картошка ва дар майдони 711 гектар сабзавот кишт шуд. Баҳри беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва бекорхобида тадбирҳои зарурӣ андешида, 8 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид.

Дар Ҷамоати шаҳраки Файзобод бинои дуош­ёнаи маркази хизматрасонӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 30 метр, гулгашти Нишони давлатӣ, бинои дуошёнаи маркази савдо дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, корхонаи хурди коркарди шир, 3 майдони хурди футбол, ду майдончаи бозии кӯдакон дар назди биноҳои истиқоматӣ, бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ ва маркази бозии кӯдакон, маркази хизматрасонӣ ва тарабхонаи тобистонаи «Ором» ва мағозаи масолеҳи сохтмонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Клиникаи байторӣ, китобхона, хона - музейи Дӯстмурод Алиев ва мағозаи молҳои ниёзи мардум дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ҳудуди деҳоти ноҳия 2 ҳаммом, чор сартарошхона, 8 истгоҳи замонавӣ дар шоҳроҳ, маҷмаи маишию хизматрасонӣ, шаҳрчаи фароғатии сайёҳон, дукони фурӯши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ сохта ба истифода дода шуданд, дар шоҳроҳи Ваҳдат - Лахш дар ҳудуди ноҳия 76 лавҳаи таблиғотӣ насб гардид.

:.  Хабарҳо 07.09.2019 05:56 1025

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz