09

Июл, 2025
Чоршанбе

09

Июл, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НИГАРОНӢ АЗ ВАЗЪИ ҶИНОЯТКОРИИ ҶАВОНОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 

javononДар шаш моҳи соли 2019 дар вилояти Хатлон аз ҷониби ҷавонон 657 ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 ҳолат кам мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Фариза Абдуллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иттилоъ дод.

- Новобаста аз коҳиш ёфтани омори содиршавии ҷиноятҳо бо иштироки ҷавонон, вазъ дар ин самт боиси нигаронии масъулони ниҳоди кор бо ҷавонон боқӣ мемонад, - афзуд мавсуф.

Бинобар иттилои манбаъ дар ҳамин давраи соли 2019 теъдоди сироятшудагон ба бемории ВНМО ба 60 нафар мерасад, ки қисми зиёди онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Шумораи гирифторони бемориҳои нашъамандӣ аз ҳисоби ҷавонони вилоят 207 нафарро ташкил медиҳад, ки 7 тани онҳо занон мебошанд.

- Барои пешгирӣ аз равандҳои номатлуб дар ҷомеа давоми соли ҷорӣ Раёссати кор бо ҷавонон ва варзиш 7 ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ ва аз тарафи сохторҳои маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 124 ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намудааст.

Тавре сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иброз дошт, бунёди варзишгоҳу майдончаҳои варзишӣ барои ҷалби ҷавонон ба ҳаёти солим ва пешгирӣ аз дигар амалҳои номатлуб миёни ҷавонон нақши муассир мегузорад. Ин аст, ки дар доираи барномаҳои рушди соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ ва истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон дар ҳудуди вилояти Хатлон сохтмони 80 толору 300 адад майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумор дар соли 2018 - 7 толор ва 54 майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шудаанд, - мегӯяд Абдуллозода.

:.  Хабарҳо 19.07.2019 11:51 1042

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz