09

Июл, 2025
Чоршанбе

09

Июл, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

РАИСИ ХАТЛОН: БА ТАЪЙИНИ БОНУВОН ДАР ВАЗИФАҲОИ РОҲБАРӢ ЭЪТИБОРИ ҶИДДӢ ДОДА МЕШАВАД

 

- Мо алаккай таҳлил карда баромадем, дар баъзе ноҳияҳо ҳатто дар вазифаҳои сардори шуъбаи САҲШ-и шаҳру ноҳияҳо ҳам мардон таъйин шудаанд, ки ин тавр набояд бошад. Имрӯз мушоҳида мешавад, ки ҳатто дар ноҳияҳои дурдасти куҳӣ ҳам занону духтарони лаёқатманд зиёданд, ки набояд аз мадди назари роҳбарият мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дур бимонанд. Дур намеравем дар ҳамин нишасти имрӯзи мо қариб 95-98 дарсади иштирокчиён мардон мебошанд,- иброз дошт раиси вилояти Хатлон.- Маъзарат мехоҳам, аммо ҳақиқатро бояд гуфт, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зимма доштаашон занон нисбат ба мо мардон, масъулияти бештар эҳсос намуда, вазифаҳояшонро беҳтару хубтар иҷро мекунанд.

Раиси вилояти Хатлон таъкид дошт, ки «Шумо рӯзноманигорон аз ҳамин гуфтаҳои ман хулоса бароред, ки мо ба масъалаи баланд бардоштани мавқи зан дар ҷомеа, пешбарии бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарӣ шурӯъ аз сатҳи ҷамотҳои деҳот то корхонаву ташкилотҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо эътибори ҷиддӣ хоҳем дод. Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат фаолияти даҳ-бистсолаи бонувонро дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таҳлил намуданд».

Қурбон Ҳакимзода дар муроҷиат ба роҳбарони бонкҳои дар вилояти Хатлон фаъолиятдошта таъкид намуд, ки иҷроиши супоришҳои роҳбари давлатро бобати ҷалби занону духтарон ба кор дар соҳаи бонкӣ таъмин намоянд.

Мавсуф иброз дошт, ки масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва иҷроиши барномаиҳои давлатӣ оид ба тарбияву ҷобаҷогузории кадрҳои аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мо хоҳад буд.

 

:.  Хабарҳо 01.02.2019 06:33 1017

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz