09

Июл, 2025
Чоршанбе

09

Июл, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҶАШНИ «МЕҲРГОН» ДАР ХАТЛОН

 

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии хеш дар ин чорабинии идона иброз дошт, ки Меҳргон ҳамчун рамзи таримоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили ба заҳмат ҷамъ овардаи марди деҳқон арзёбӣ гардида, дар баробари фарҳанги кишоварзӣ ва фаҳму идроки башарият бобати кишту кори зироатҳо пайдо гардидааст.

 

 

- Таҷлили расмии ҷашновораи мазкур далели рӯ ба арзишҳои фарҳанги ниёкон овардани насли имрӯзи кишвар аст. Дарвоқеъ, баргузории ҷашну чорабиниҳои касбии кишоварзони мамлакат, ки дар фаровонии маҳсулоти ғизоӣ нақши ниҳоят муҳим доранд, нишони қадрдонии деҳқонону заҳматкашони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мебошад,- иброз дошт Д. Гулмаҳмадзода.

Вазири кишоварзии мамлакат Изатулло Сатторӣ кишоварзиро соҳаи асосии вилояти Хатлон арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки ҳамасола хоҷагиҳои ин вилоят дар майдони 320 ҳазор га замин ҳосил кишт менамоянд, ки истеҳсоли маҳсулоти парвардаи онҳо 76 дарсади ҳаҷми асосии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

 


Дар қисмати ҷамъбастии ҷашни Иди Меҳргон ба як қатор деҳқонони бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Њамчунин, дар ин рӯз ғолибони озмуни «Иди харбуза», «Оши палов» ва «Иди асал» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷашни Меҳргон ҳамчун иди касбии кишоварзон бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон умри дубора пайдо намуда, ҳанӯз аз 5 августи соли 2009 инҷониб дар кишвари мо расман қайд карда мешавад.

 

:.  Хабарҳо 30.10.2018 10:43 1319

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz