10

Июл, 2025
Панҷшанбе

10

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

РӮЗИ МАЪЮБОН ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

 

Муовини раиси ноҳияи Айнӣ Гулсара Зокирзода зимни сухани пазироӣ зикр кард, ки беҳтар кардани некӯаҳволии маъюбон ва пиронсолон ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ доимо барои ҳамкорӣ бо ташкилоти КАРИТАС Олмон ҷиҳати татбиқи фаъолиятҳо дар ин самт омода аст.

 

 

Иҷрокунандаи вазифаи намояндаи ташкилоти КАРИТАС Олмон дар Тоҷикистон Заринамо Мухторова дар навбати қайд кард, ки ҳадафи мусобиқаи имрӯза бурду бохт нест, балки тарғибу ташвиқи варзиш дар байни шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айни ва ҷалби онҳо ба намудҳои гуногуни варзиш мебошад. Мавсуф аз ҷумла таъкид дошт, ки “шахсони дорои маъюбият дар баробари шахсони бе маъюбият ба ҳама кор қодиранд ва метавонанд қобилиятҳои худро тақвият дода, дар ҳамаи соҳаҳо, алалхусус соҳаи варзиш номбардори миллату ватани хеш бошанд.”

Дар чорабинии мазкур, ҳамчунин раиси Федератсияи варзишгарони маъюби шаҳри Душанбе Абдурауф Олимов, қаҳрамони 12-каратаи Осиё ва қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи намуди дастхобонӣ дар миёни маъюбон, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Акмал Қодиров ва роҳбари Клуби баскетболи маъюбони шаҳри Душанбе Ғайрат Тухтасунов дар бораи қобилиятҳои шахсони маъюб барои намудҳои гуногуни варзиш суханронӣ намуда, аз шахсони дорои маъюбияти ноҳияи Айнӣ даъват ба амал оварданд, ки рӯҳафтода набошанд ва ба ягон намуди варзиш машғул шаванд, зеро варзиш барои ташаккули тарзи ҳаёти солим хеле муҳим мебошад. Акмал Қодиров қоидаҳои асосии дастхобониро нишон дода, ҳамзамон ба шахсони дорои маъюбияти ноҳияи Айнӣ мизи дастхобонӣ тӯҳфа кард.

 

 

Баъд аз лаҳзаи мусиқӣ, мусобиқаи баскетбол бо аробачаи маъюбӣ миёни дастаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд тибқи қоидаҳои байналмилалӣ оғоз гардид, ки он аз чор қисмии 10 дақиқагӣ иборат буд. Баскетболбозони ҳар ду даста маҳорати баланди касбӣ нишон доданд ва дар ниҳоят мусобиқа бо ҳисоби 49-23 ба фоидаи дастаи Душанбе анҷом ёфт. Ҳар ду даста барои иштироки фаъолашон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Бино ба омори расмӣ дар Тоҷикистон беш аз 31 ҳазор маъюб сабти ном шудаанд. Инчунин, соли ҷорӣ Тоҷикистон эъломияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳимоя аз ҳуқуқи маюбонро имзо кард, ки бо ин восита таваҷҷӯҳ ба ашхоси имконияти маҳдуддошта бештар мегардад.

 

:.  Хабарҳо 13.07.2018 04:32 1222

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz