10

Июл, 2025
Панҷшанбе

10

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҶАШНИ САДА РАСМАН ТАҶЛИЛ ШУД

 

Барномаи идонаро озмуни ҷашнӣ дар чаҳор бахш, дастархони Сада, ниҳолҳои мевадиҳанда, ниҳолҳои сояафкан ва гулу буттаҳо, суруди беҳтарин дар васфи Сада боз ҳам шавқовартар гардониданд.

Ҷашни Сада аз қадим 50 рӯз пеш аз фарорасии иди Наврӯз таҷлил мегардид. Дар замони Истиқлол Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мардуми кишвар умри дубора пайдо карда, як соли пеш дар радифи ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ба қатори ҷашнӣ сартосариву давлатӣ шомил гардид. Парлумони Тоҷикистон соли 2017 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид кард, ки бар асоси он минбаъд иди Сада дар кишвар расман рӯзи 30-уми январ таҷлил карда мешавад.

Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии аҷдодон буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташу гулханфурӯзиҳо, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст.

Тавре кишоварзон иброз медоранд Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ буда, дар ин ҳангом техникаҳои лозима таъмир ва ба мавсим нави кор тайёр карда мешавад. Дар анборҳо маводи сӯзишворӣ, нуриҳои менералию органикӣ захира мегарданд. Яхобмонии баъзе қитъаҳои замин ба роҳ монда мешавад. Хулоса дар Сада деҳқонон ба такопӯ даромада, ба фасли баҳор пурра омодагӣ мегиранд.

Дар барномаи идона барои дӯстдорони рақсу суруд ва оҳангҳои ҷолиб барномаи ҳунарии устодони санъати тоҷик ва ҳаваскорони ҷавон пешкаш карда шуд. Сокинони шаҳри Душанбе дар барномаи пуршӯкӯҳ гурӯҳ-гурӯҳ иштирок намуда, аз тамошои барномаи фарҳангӣ лаззат мебурданд. Дар симои онҳо як дилгармӣ ва садоқати беандоза нисбат ба фазои осуда ва сулҳу суботи давлати азизамон ҳувайдо буд.

 

:.  Хабарҳо 01.02.2018 08:59 1330

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz