11

Июл, 2025
Ҷумъа

11

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАНЗИМ: ИСРОФКОРӢ ВА ХУДНАМОӢ АЗ БАЙН МЕРАВАД

 

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи қонуни мазкурро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ  ва қабул ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд. Инчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни зикршуда минбаъд сокинони Тоҷикистон дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон дар оростани дастурхони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ ва худнамоӣ роҳ надода, имкон доранд хони идонаи маънавии хоксорона ороянд.

Ҳамзамон, минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бидуни  хизматрасонии овозхонҳо гузаронида шуда, хатнаи кӯдак бо розигии волидайн аз санаи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ин маврид таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон омӯхта шудааст. Ҳамчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба қонун ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, ҳуқуқ дода  мешавад, ки  бо  иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд. Дар радифи дигар маъракаҳои манъшуда, дар Тоҷикистон минбаъд гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ ва шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда мешавад. Инчунин тамоми маросими баргузории  дафну азодорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бидуни забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Аз ҷумла,  маросимҳои «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Ҳамзамон  дар Тоҷикистон  баргузории маъракаи «ҳоҷизиёрат» аз ин  ба баъд манъ гардида, дар оянда тартиби сафари шаҳрвандони Тоҷикистонро барои  адои ҳаҷҷи фарзӣ ва умра Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Бояд тазаккур дод, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони ҷумҳурӣ ҳангоми вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоати мамлакат ба муносибати 10-солагии қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли 2017 доир  гардида буд, таҳия гардидаанд. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳу сифати рӯзгор ва вазъи иҷтимоии  сокинони мамлакат, инчунин роҳ надодан ба зиёдаравӣ, худнамоӣ ва исрофкорӣ мебошад, ки дини мубини Ислом низ онро инкор менамояд.

 

:.  Хабарҳо 24.08.2017 05:26 1435

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz