11

Июл, 2025
Ҷумъа

11

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ХАТЛОН: МУРОҶИАТКУНАНДАГОН БЕШТАР БОНУВОНАНД

 

Муҳаббат Зокирова, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мушкилоти сукунати чанд оила дар як ҳавлӣ водор намуд, ки барои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба раиси ноҳия муроҷиат намояд.

- Бори нахуст дар чунин толори серодам боз ҳам дар ҳузури роҳбарони ноҳия баромад карда, арзу ниёзи худро гуфтан ниҳоят мушкил буд. Аммо бо кӯмаки раиси ноҳия Убайдулло Файзуллозода, ки суханҳоямро тақвият медод, мушкилоти оилавиамонро баён карда тавонистам. Гарчанде аввал аз омаданам ба ҳукумати ноҳия пӯшаймон шудам, вале баъди ҳаллу фасл шудани мушкилоти оилаамон фикру андешаам дигар шуд. Маҳз баъди ин вохӯрӣ ба мутолиаи китобу рӯзномаҳо таваҷҷуҳ пайдо кардам, то аз ин пас дар вохӯриҳои серодам фикру андешаи худро озодона баён карда тавонам, -мегӯяд М.Зокирова.

Тибқи иттилои масъулони шуъбаи умумии назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1099 нафар сокинон тариқи хаттӣ ва 483 шаҳрвандон шифоҳӣ ба унвонии раиси ноҳия муроҷиат намудаанд. Ба гуфтаи Маҳина Холиқова, мудири шуъбаи мазкур аксарияти муроҷиатҳои сокинон вобаста ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ба расмият даровардани моликияти шахсии онҳо мебошад. Ҳамчунин баъзе оилаҳои ниёзманд барои дастрасӣ ба кӯмакҳои моддӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муроҷиат менамоянд. Баъди омӯзиши вазъи оилавии онҳо бо Қарори раиси ноҳия аз Фонди хайрия ба ин гуна хонаводаҳо ёрии моддӣ расонида мешавад.

Дар рӯзи қабули раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бештари муроҷиаткунандагон сокинони ҷамоати деҳоти «Ҳалевард» ба шумор мерафтанд, ки ҳамагӣ ба замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷ доранд. Басбибӣ як нафар аз бонувони солманди деҳоти мазкур иброз медорад, ки дар як ҳавлӣ сукунат доштани чанд ҷуфт оилаҳои ҷавон мушкилоти хонаводагии онҳоро печидатар кардааст. Мутаассифона, баъзе оилаҳо мехоҳанд, ки аз маҳалҳои зодгоҳи хеш соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ гарданд. Ин дар ҳолест, ки тибқи Қарори раиси ноҳия қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои оилаҳои ниёзманди ноҳия аз заминҳои ғайриобии ҳудуди ҷамоати деҳоти «Истиқлол» ҷудо карда шудааст.

- Мусаллам аст, ки иҷроиши баъзе хоҳишу дархостҳои шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имконнопазир аст. Масалан, баъзе сокинон хоҳиши онро доранд, ки ба фарзандони онҳо аз заминҳои кишоварзии ҳудуди деҳаи зисташон қитъаи замин ҷудо карда шавад. Ҳол он ки бо Қарори раиси ноҳия даҳҳо гектар замин аз ҳудуди ҷамоати деҳоти дигари ноҳия ҷудо карда шудааст, мегӯяд М.Холиқова.

 

:.  Хабарҳо 26.07.2017 11:56 1480

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz